Дар сияҳи хонаи афлок , дил равшан нест

Ахгарӣ дар таҳи хокистари ин гулхан нест

Дил чу биност , чаҳ ғами дида агар нобӣност ?

Хонаи оинаро равшанӣ аз равзан нест

Ростии уқдаи гушояндаи асрор дил аст

Шамъро ҳавсилаи гиряи фурӯ хӯрдан нест

Рӯзӣ хок шавад дил чу гронҷон афтод

Манзили пои гронхўоб ба ҷуз доман нест

Гавҳар аз гирд ятемӣ нашавад хок нишин

Дил агар зинда буд ҳеҷ ғам аз мурдан нест

Душман онаст ки пӯшида кунад хасмии хеш

Хасм чун кӣнаи худ фош кунад душман нест

Оқибати рози марои сина ба саҳрои андохт

Хокро ҳавсилаи донаи ниҳон кардан нест

Дидаи шӯхи турои оина дар зангораст

Варна як сабзаи бегонаи дарин гулшан нест

Ба ҳамин мавҷ з омад шуд худ бихбрст

Ҳеҷ касро хабар аз омадан ва рафтан нест

Нест дар қофилаи реги равони пеш ва пасӣ

Мурдаи бечоратар аз зиндаи дарин маскан нест

Сифлагонро назанад чарх чу некон бар санг

Маҳаки симу зар аз баҳри мис ва оҳан нест

Ҳирс ҳар зарраи моро ба ҷаҳонии андохт

Мӯри худро чу кунад ҷамъ , кам аз хирман нест

Мардуми поки гуҳар бо ҳамаи кас май созанд

Обро саркашӣ аз хору хас гулшан нест

Дили нозук ба нигоҳи каҷӣ озурда шавад

Хор дар дида чу афтод кам аз сӯзан нест

Соиб аз атласи гардуни гила беинсофӣ аст

Сарви ин боғчаро барги ду пероҳан нест