Гарчи нам дар ҷигар ва дар дили тангам хӯн нест
Мижаам чашм ба роҳи мадад Ҷайҳун нест
Ризқи мӯрӣ чу ман аз хӯшаи он зулф бурид
Як ҷӯи инсоф дар он чеҳраи гандум гаван нест
Соф кун оинау рӯ ба хароботи гузор
Хишти хами ҳеҷ кам аз сина афлотӯн нест
Алифи қад ту оварда ръўнт бо хеш
Мисраи сарв ба тақтеъи касон мавзун нест
Ҳосили даҳр буд лозими номавзунӣ
Сарв аз он бесамар афтод ки номавзун нест
Соиби ин ковуши айём на танҳо бо туаст
Чеҳра кист ки аз хӯни ҷигар гулгун нест ?