Ҳар ки омад ба ҷаҳони даст ба домон зад ва рафт
Бар сари хишти аносири ду се ҷавлон зад ва рафт
Сахт корӣаст бурун омадан аз ӯҳдаи расм
Зини сабаб буд ки маҷнӯн ба биёбон зад ва рафт
Вақти он хуш ки дарин роҳ нигарадед гиреҳ
Сина чун обила бар хор муғелон зад ва рафт
Дилам аз рафтани айёми ҷавонӣ доғ аст
Оҳи азин барқ ки оташ ба Нитсаатон зад ва рафт
Ҳар ки чун шабнами гул пок шуд аз олоиш
Ғӯта дар чашмаи хуршед дурахшон зад ва рафт
Дили ман об шуд аз ғайрати иқболи ҳубоб
Ки ба як чашм задани ғӯта ба Аммон зад ва рафт
Доғи мо чашм ба алмос нигараданд сиёҳ
Захми мо теғи тағофул ба намакдон зад ва рафт
Ҳар ки аз чашмаи теғи ту дамӣ об кашид
Хок дар дидаи сарчашма ҳайвон зад ва рафт
Булбули мо ба дили нозуки гул раҳм накард
Оташ аз шуълаи овоз ба бустон зад ва рафт
Мижа бар ҳам назд аз хоби аҷали дидаи мо
Ин намакро ки ба ин захм намоён зад ва рафт ?
Аз парешонеи мо ёд куҷо хоҳад кард ?
Дил ки бар кӯчаи он зулф парешон зад ва рафт
Вақти он роҳравии хуш ки азин хорстон
Даст чун барқи ҷҳонсўз ба домон зад ва рафт
Ғами лашкари хур агар Подшаҳӣ май хоҳӣ
Мӯри ин замзама бар гӯш сулаймон зад ва рафт
Ҳар насимӣ ки баровард сар аз ҷайби адам
Бар дили сӯхтаи мо ду се домон зад ва рафт
Ҷигари аҳли сухан аз нафаси соиби сӯхт
Оҳи азин шамъ ки оташ ба шабистон зад ва рафт