Аз ҳавасгар ту ба дунбол ҳавохоҳӣ рафт

Зуд бе барги азин дори фано хоҳӣ рафт

Кӯҳи тамкини ту чун коҳ сабк ме гардад

Агар аз ҳар сухани пучи зи ҷо хоҳӣ рафт

Нест мумкини дили битоби ту осӯда шавад

То дарин ншأаҳ ндонӣ ки куҷо хоҳӣ рафт

Умри даҳ рӯза зиёдаст дарин ваҳшатгоҳ

То ба кӣ дар талаби оби бақо хоҳӣ рафт ?

Дили худ об кун , аз ҳар ду ҷаҳон даст башу

Гар ба сари манзили мардони худо хоҳӣ рафт

Май шӯии рӯ ба бақои рӯзи қиёмати маҳшур

Нигаронгар ту азин дори фано хоҳӣ рафт

Гардӣ аз маҳмил Лайлӣ натавонӣ дарёфт

Гар ту аз роҳ ба овоз даро хоҳӣ рафт

Дар диласт ончии ту дар олами гул май ҷӯӣ

Чанд дар каъбаи паии қиблаи намо хоҳӣ рафт ?

Накунад дар ба рахти боз агар рахнаи дил

Ту азин хонаи дарбастаи куҷо хоҳӣ рафт ?

Ту агар такя кунӣ бар хиради ноқиси худ

Зуд дар чоҳи залолат ба Асо хоҳӣ рафт

Ба рафиқони мувофиқ чаҳ наҳй дили соиб ?

Оқибат аз ҳама чун фарду ҷудо хоҳӣ рафт