Ба ҳар куҷо набӯд ҳасан , офтоб хуш аст
з рӯй ҳар чаҳ тавон дод чашми об хуш аст
зи моҳи хонагии онро ки хона равшан нест
Ҷилои дидаи зи гулгашти моҳтоб хуш аст
Ҷавоби хушк азон лаъли обдори маро
Ба гӯши ташнаи лабон чун садои об хуш аст
Агар зи доман зулфаст дасти мо кӯтоҳ
Ба ёд ӯ дили шаби машқи печу тоб хуш аст
Сафина аз мадад бодбон расад ба канор
Ба рӯй киштӣ май ҷилваи ҳубоб хуш аст
Буд закоти тамомӣ ба ноқисони эҳсон
Ба моҳи паҳлу додани зи офтоб хуш аст
Ман он ним ки шавам харҷи обу гули соиб
Маро чу ганҷи гуҳар бо дили хароб хуш аст