Тани оҳанӣну нафаси гарму дили рамида хуш аст
Сапанди музтариб ва миҷмар орамида хуш аст
Садафи пар аз гуҳару абри қатра бор накӯаст
Изори ёри ърқнок ва май чакида хуш аст
Сукӯни зи марказ ва гардиш баҷост аз паргор
Пиёла дар ҳаракат , суҳбат орамида хуш аст
Ба пой қофила натавон шудани фалаки парвоз
Сафар чу исои азин хокдони ҷарида хуш аст
Шикастанӣаст калидӣ ки бастагии орад
Забон каз ӯ накушояд дилӣ , бурӣда хуш аст
Тамом сӯз нагашт аз шитоб , парвона
Сафар дар оташи сӯзон Аннан кашида хуш аст
Камон ба гӯшаи абрӯ баланд ме гуяд
Ки рости хонагӣ аз мадами хамида хуш аст
Атоу манъ мусовӣаст бо рзомндӣ
Дарин риёзи гули чида ва начида хуш аст
Чаҳ умри пуч ба гуфтор мекунӣ соиб ?
Сухан ки нест дар ӯ мағз , ношунида хуш аст