Дили рамидаи мо аз назора дар пеш аст

зи шухии оташи мо аз шарора дар пеш аст

Назораи тобеъи майл диласт дар маънӣ

зи дил агар чаҳ ба зоҳири назора дар пеш аст

намешавад зи назари чашми шӯх ӯ ғоиб

Ба ҳар тараф ки рӯми ин ситора дар пеш аст

Хазони зи ҷамъи дили пораи пора фориғ шуд

Марои ҳамон ҷигари пораи пора дар пеш аст

Нарафт чун ба гудоз аз фироқ , донистам

Ки ҷони сахти ман аз санги хора дар пеш аст

Ишораи фаҳм нае , варна пеши аҳли назар

зи гуфтугӯии сариҳи ин ишора дар пеш аст

зи баҳр ишқ гирифтам канор , азин ғофил

Ки дар канор , ғами бикнораҳ дар пеш аст

Ба гирди аҳли таваккули куҷои рисии зоҳид ?

Туро ки сад гиреҳ аз истихора дар пеш аст

Ба хоксорӣ агар пеш меравад раҳи ишқ

Гули пиёдаи зи сарви савора дар пеш аст

Фиғон ки аз ман ҳушёр дар тариқи талаб

Ҳазор марҳалаи масти гузора дар пеш аст

намерасад чу ба он зулфи дасти ман соиб

Чаҳ суди азин ки дил аз гӯшвора дар пешаст ?