Сабз мегардад равон чун об аз мондани маро

Хизри натавонад ба оби зиндагӣ рондани маро

Бас ки дилсардами зи тор ва пуд ҳастӣ чун каттон

наметавонад партави маҳтоб сӯзондани маро

Душманонро дорам аз теғи тағофули синаи чок

Чашм хобондан буд шамшер хобондани маро

Шамъи мотамро хамӯшӣ ба зи об зиндагӣ аст

Дил намегардад сиёҳ аз доман афшодани маро

Гарчи бар хуршеди ман офоқ танагӣ ме кунад

Аз сбкрўҳии тавон дар зарра гунҷондани маро

Доғ дорад машрабам дар хуши анонеи мавҷ ро

Ҳар насимӣ метавонад дасти пичондни маро

Лангари дарёӣ имконаст кӯҳи сабри ман

Олимии пар шӯр мегардад зи шўрондни маро

Чун замини оромиши олам ба ман пайваста аст

Кӯҳҳоро мекунад бесанг , лрзондни маро

Ъушрат рӯй замин аз ман буд чун субҳи ид

Як ҷаҳон хўшўқт мегардад зи хандондани маро

Гарчи аз афсурдагиҳо чун чароғ кушта ам

наметавонад як нигоҳи гарм , гирондни маро

Партави хуршед чун хуршед бошад бе завол

Оташи лаълам , муяссар нест мерондан маро

Дастгирӣ мекунам онро ки гирад дасти ман

Чун дуо дорад асарҳо зирлби хондани маро

Дар гиреҳ аз нофа натавон басти мӯии машк ро

Рози ишқам , мекунад бепарда , пӯшондани маро

Ҳар туҳидастӣ наёрад моҳи канъонро харид

Дар тарозу аз гаронқадрӣ буд мондани маро

эй ки чун санги фалохани даврам аз худ ме кунӣ

Аз мурувват нест гирд сар нагардондан маро

Ҳосили ман мунҳасир дар тарк ҳосил гашта аст

Доман афшонӣаст соиби дона афшодани маро