Ёрб аз дили машриқи нур ҳидоят кун маро

Аз фурӯғи чашми хуршед қиёмат кун маро

То ба кӣ гирди хиҷолати зинда дар хокам кунад ?

Шастаи рӯ чун гавҳар аз борон раҳмат кун маро

Хона ороӣ намеояд зи ман ҳамчун ҳубоб

Мавҷ бе пурвои дарёӣ ҳақиқат кун маро

Устихонам серума шуд аз кӯчаи гардиҳои ҳирс

Хонаи дори гӯшаи чашм қаноат кун маро

Чанд бошад шамъи ман бозичаи боди фано ?

Зиндаи ҷовид аз даст ҳимоят кун маро

Баҳри таъмири гуҳари гирди ятемӣ лоиқ аст

Аз ғубори хоксориҳо иморат кун маро

Хушк бар ҷо мондаам чун гавҳар аз афсурдагӣ

Оташини рафтор чун ашк надомат кун маро

Гарчи дар суҳбати ҳамон дар гӯшаи тнҳоӣим

Аз фаромӯшони амни обод азлат кун маро

Аз хаёлат дар дили шабҳо агар ғофил шавам

То қиёмати сангсор аз хоб ғифлат кун маро

Бетуфайлӣ нест меҳмонхонаи аҳли карам

Бо сияҳи рӯе ба кори аҳл ҷинат кун маро

Гар надонам қадари талхиҳои шӯрангези ишқ

Заҳр дар ком аз шикарханд ҳаловат кун маро

Дар харобиҳост чун чашм батон таъмири ман

Марҳамат фармо зи вайронӣ иморат кун маро

( холи исёни барнамеи тобади дили хунини ман

Лола бе доғи саҳроӣ қиёмат кун маро )

Аз фузулиҳои худ соиби хиҷолат май кашам

Ман ки бошам то кунам талқин ки раҳмат кун маро ?