Саҳоби гирди кудурати шароб субҳдам аст
Нишот рӯй замин дар рикоб субҳдам аст
Сафои чеҳраи шабнам , гул саҳархезӣ аст
Ниқоби давлати бедор , хоб субҳдам аст
Дамӣ ки тира набошад , дам масеҳое аст
Шабӣ ки хуш гузарад дар ҳисоб субҳдам аст
зи теғ ӯ ҷигари захм тоза ме гардад
Ки сайқали дили махмур , об субҳдам аст
Ҷаҳони зи партави хуршед ғӯта зад дар теғ
Ҳануз шабнами мо масти хоб субҳдам аст
Мабод сарф кунӣ ашку оҳро бе вақт
Ки ин матоъи гиронмоя , боб субҳдам аст