Қумоши чеҳраи ёр аз баҳор маълум аст

Ки рӯй кор , ҳам аз пушти кор маълум аст

зи ҷисми хокии мо шӯр ишқ битавон дид

Нафас кашӣдан баҳр аз канор маълум аст

зи набзи мавҷ тавон ёфт ҳоли дарё ро

Ғами ман аз мижаи ашкбор маълум аст

зи теғи ваъдаи хилофӣ ба хӯн нишондан ман

зи хоки раҳгузари интизор маълум аст

зи сояи пару боли ҳумо ки дар гузараст

Заволи давлати нопойдор маълум аст

Агар чаҳ гиря фурӯ мехӯрд , з рӯй садаф

Таровати гуҳари обдор маълум аст

зи сояи ту сари ман ба офтоб расед

Вагарнаи қадари ман хоксор маълум аст

з содагӣаст дарин хокдони иқомати мо

Вагарнаи ҳосили ин шӯраи зор маълум аст

зи рӯзгори ҷавонӣ таматтуъӣ бурдор

Сабки рикобии боди баҳор маълум аст

Бирав табиб , ки ҷон додан ман аз ғами дӯст

зи ранг бохтани ғмгсор маълум аст

зи оҳу нола тавон ёфт сӯз ҳар дил ро

Айёр шуъла задуду шарор маълум аст

Бурун меар дили равшан аз бағали соиб

Ривоҷи оина дар Зангбор маълум аст