зи доғ , синаи пари тири ман гулистон аст
зи чашми шер , Нитсаатон ман чироғон аст
Дилӣ ки нақши таъаллуқ ба худ наме гирад
Агар ба даст фитад , хотам сулаймон аст
Пиёлае ки туро во раҳанд аз ҳастӣ
Агар ба ҳар ду ҷаҳон медиҳанд , арзон аст
Шикаста дил натавон кард хурдсолон ро
Вагарнаи шаҳр ба девонаи ту зиндон аст
Гирифтааст ғами обу дона рӯй замин
зи фикри ризқ , ҷаҳони як дил парешон аст
Кабоби масти маро бенамак ба базм оред
Пиёла то ба лабаш мерасад , намакдон аст
Кабоби сӯхтаро ашк нест , ҳайронам
Ки чун зи хӯни дили ман ҷаҳон гулистон аст
Дарин бисот , чароғӣ ки аз насими фано
Ба ҷон хеш наларзад чароғ имон аст
зи поси шарми ту тан додаам ба банди либос
Вагарнаи ҳалқаи фитроки ман гиребон аст
Марези оби рухи худ барои нони соиб
Ки обрӯ чу шавад ҷамъ , об ҳайвон аст
Ба чарби нармии душмани Марви зи раҳи соиб
Ки доми макри дарин хоки нарм пинҳон аст