Замини зи ҷилваи қурбониён гулистон аст
Бирез хӯни суроҳе ки ид қурбон аст
Ғубор ҳастӣ худро башу ба замзами ашк
Ки муҳаррамаст , азин ҷома ҳар ки урён аст
Ба роҳи каъбаи гул , пои саъй ранҷа макун
Ки дастгирии мардуми ҳазор чандон аст
Брои зи олами гул , бош дар ҳарами доим
Ки аз тавоф , ғарази қатъи ин биёбон аст
Ба хасми гул задан аз даст ман наме ояд
Вагар на обилаам ташна муғелон аст
Бабанд дар ба рухи орзӯ агар мардӣ
Вагарна бастани сади Сикандари осони аи сет
Хати мусалламӣ аз гардиши сипеҳри мҷўӣ
Ки ин пиёла ба навбати мудом гардон аст
Дили рамидаи ман дар миёни халқ , буд
Сафинае ки анонаш ба даст тӯфон аст
Чигуна фикр иқомат кунад дарин майдон ?
Сиррӣ ки дар хами фармони ҳафт чавгон аст
Мҷўӣ дар садафи тани зи ҷони поки қарор
Ки биқрор буд гавҳарӣ ки ғалатон аст
зи ёди он хати мишкӣн , дили шикастаи ман
Ҳамеша тоза ватар чун суфол райҳон аст
Ба сим қалб шудам қонеъу зи биқдрӣ
Баҳоии Юсуфи ман бор бар азизон аст
Тасаллии дили битоби ман ба номаи хушк
Алоҷи раъшаи дарё ба даст марҷон аст
Чаҳ нисбат аст надонам ба зулфи ёр , маро
Ки олимӣ з парешонем парешон аст
з давр бош рақибони ниҳоли қомати ту
Гарон ба дидаи мардум чу чӯб дарбон аст
Шикастани камари кӯҳи қоф чандон нест
Ба мӯр ҳар ки мудоро кунад сулаймон аст
Марост хотами иқбол аз ҷаҳони соиб
Ки мӯри ман тарафи ҳарф бо сулаймон аст