зи бас ба куштани ман теғи моил афтода аст

Ҳазор мартаба дар пои қотил афтода аст

Чу гирдбод ба гирди сари замини гирдам

Ки ба афтодагии ман муқобил афтода аст

Ба боли ҳиммати гардуни навард ман бингар

Ба ин мубин ки марои рахт дар гул афтода аст

Ҳазор марҳала аз каъбааст то дар дил

Дилат хушаст ки борат ба манзил афтода аст

Ғарази зи суҳбати дарё кашокашаст чу мавҷ

Вагарнаи гавҳари тамкин ба соҳил афтода аст

Забони шамъи магари мисраии з соиб хонд ?

Ки бози шӯри қиёмат ба маҳфил афтода аст