Ба ноМуродии мо ишқи моил афтода аст
Вагарнаи матлаби кунин дар дил афтода аст
Дар он муҳӣти карам , давр бош манъӣ нест
Каф аз сбксрии худ ба соҳил афтода аст
Ҳамон ки дар талабаши рафтае зи худ берун
Тамоми рӯз ба майхонаи дил афтода аст
Маро ки дасту дил аз кор рафтааст , чаҳ суд
Ки дасти ёр ба дӯшами ҳамоил афтодааст ?
зи оҷизонаи нигоҳам , зи дасти қотили теғ
Ба рӯй хок , мукаррар чу бсмл афтода аст
зи мо ба ҳиммати хушк эй фақири қонеъи шӯ
Ки кори мо ба ҷавонмардии дил афтода аст
Сияҳи дилӣ ки туро бастааст банди қабо
Азон латофати андом , ғофил афтода аст
Аҷаб ки гиряи мо дар дилаш асар накунад
Ки донаи поку замини сахти қобил афтода аст
Нишастааст ба гул , борҳои сафинаи чарх
Ба кӯчае ки марои рахт дар гул афтода аст
Насиби куштаи ишқ аз биҳишти ҷовидон
Ҳамин басаст ки дар пои қотил афтода аст
Назари зи ҳалқаи фитрок барнаме дорам
Ки ин дарича ба ҷинати муқобил афтода аст
Ба шухии мижаи ёр ме тавон паии барад
зи рахнаҳои намоён ки дар дил афтода аст
Назари зи ҳоли фурӯмондагони дареғи мадор
Туро ки чашм ба дидори манзил афтода аст
Ба тухми сӯхтаи мо чаҳ метавонад кард ?
Замини майкада ҳар чанд қобил афтода аст
зи базми ваҳшат парвона мекашад озор
Вагарнаи шамъи мукаррар ба маҳфил афтода аст
Ба хоксорӣ афтодагон наме хандад
Касе ки як ду қадам дар пай афтода аст
зи оташини рухи соқии гумони барии соиб
Ки ахгарӣ ба гиребони маҳфил афтода аст