зи мавҷи лолау гули боғи олам обӣ аст
Пай кашӣдан дил ҳар бунафша қуллобӣ аст
Либоси тақвои моро фурӯғи гул барқӣ аст
Каттони тавбаи моро шукуфа маҳтобӣ аст
Барои зеру зибр кардани баннои салоҳ
Ҳавои абру насими баҳор сайлобӣ аст
зи барқу боди қадам во кун ки шабнаму гул
Ба рӯй оина аз дасти рафта симобӣ аст
Агар чаҳ давлати бедор гулшанаст баҳор
Барои мардуми бидрд , парда хобӣ аст
зи фикри соқӣу соғар , ҳубоб осӯда аст
Ҳаво бар тнки зарф , бода нобе аст
Ба кеши мо ки вузӯи даст шустан аз ҷон аст
зи хеш ҳар ки тиҳӣ гаштааст , миҳробӣ аст
Ба ҳар раҳе ки рӯй , меравад ба хонаи ҳақ
з ҳар дарӣ ки даройӣ , зи маърифат бобӣ аст
Ба лоғарии хати покии зи фарбеҳии бустон
Вагарна ҳар сари мӯии ту теғ қассобӣ аст
Ба эҳтиёт сухан кун ки давлати бедор
Дар он ҳарим ки соиб буд , гронхўобӣ аст