зи ёри лутфи ниҳон хостани фузун талабӣ аст

Ки дили зиёдаи баради хандае ки зер лабӣ аст

Ба эҳтиёти сухан дар ҳузур хубон кун

Ки хуии сангдилони обгина ҳалабӣ аст

намекунанд назари орифон ба ҳасани муҷоз

Ба реги сина ниҳодан , далели ташна лабӣ аст

Хасисро зи мудорои забон дароз шавад

зи об шуъла кашад оташӣ ки бўлҳбӣ аст

Чароғи анҷумани мости дидаи бедор

Май шабонаи мо гиряҳои нимшбӣ аст

Агарчӣ нақш дуе нест дар қаламрави ҳасан

Назар ба зулфу хат аз рӯй ёр , беадабӣ аст

Дилаш ба мо аҷамии зодагон буд моил

Агарчӣ Лайлии сҳроншини мо арабӣ аст

Арӯси офиятиро ки халқ ме талабанд

Чу неки дрнгрӣ , дар ҳболаҳ ъзбӣ аст

Равост соиб , агар нест аз раҳи даъвӣ

Татаббуъи ғазали хоҷа гарчи беадабӣ аст