Шудам ғубор ва ҳамон хорхори ман боқӣ аст

Тавваҷуҳи чамани оро ба ин чаман боқӣ аст

Ҳазор ҷома бадал кард рӯзгор ва ҳануз

Ҳадиси дидаи ёқӯбу перҳан боқӣ аст

Ба рангу буии ҷаҳон дил манеҳ , тамошо кун

Ки оҳи сарду кафи хокӣ аз чаман боқӣ аст

Гузашти фасли баҳору чаман варақ гирданд

Ҳамон ба тозагии хеши доғи ман боқӣ аст

Далели ин ки сухани оби зиндагӣ хӯрда аст

Ҳамин басаст ки аз рафтагони сухан боқӣ аст

Чаҳ шишаҳо ки тиҳӣ шуд , чаҳ ҷомҳо ки шикаст

Ба ҳоли худ дили сангини анҷуман боқӣ аст

зи подшоҳии парвизи ҷуз фасона намонад

Ҳазор нақши намоёни зи кӯҳкан боқӣ аст

Ҷавоби он ғазаласт ин ки гуфт урфии мо

Ҳазор шамъ бикуштанду анҷуман боқӣ аст