Маро ки пардаи чашму ҳиҷоб ҳар ду яке аст

Қумоши чеҳра ӯ бо ниқоб ҳар ду яке аст

Рисондааст ба ҷое ғурури ҳасани туро

Ки сабри пеши туу изтироб ҳар ду яке аст

з дидан ту шавад дидаҳо ситора фишон

Фурӯғ рӯй туу офтоб ҳар ду яке аст

Ба гавҳарӣ нарасад риштааш зи битобӣ

Дили рамидау мавҷи сароб ҳар ду яке аст

Чу рахна дар дили сангини ёр мумкин нест

Чаҳ хӯни з дида фишонӣ чаҳ об , ҳар ду яке аст

Ба матлабӣ нарасад аз ситораи сӯхтагӣ

Моби гиряи ман бо кабоб ҳар ду яке аст

Нигоҳи талху шукри хандаҳои ширинаш

Ба машраби ман ошиқи шароб ҳар ду яке аст

Гуҳӣ ситора фишонам , гуҳии ситораи шумор

Шаби ҷудоӣу рӯзи ҳисоб ҳар ду яке аст

Чу аз ҳаё натавон аз ту коми дили бардошт

Чаҳ дар канори даройӣ чаҳ хоб , ҳар ду яке аст

Ба обрӯи зи ҳаёти абад қаноат кунам

Ки таъми зиндагӣу таъми об ҳар ду яке аст

зи илм , мақсади аслӣ расӣданаст ба айн

Вагарнаи пояи хишту китоб ҳар ду яке аст

Чу роҳ ишқ надорад ниҳоятии соиб

Агар диранг кунӣ вари шитоб , ҳар ду яке аст