Чароғи субҳу дами мустаъор ҳар ду яке аст

Бақои хурдаи ҷону шарор ҳар ду яке аст

зи лутфу қаҳр наме болам ва наме нолам

Ба хори хушк , хазону баҳор ҳар ду яке аст

Чунон рабӯдаи ин боғу бӯстон шуда ам

Ки нӯшханди гулу неши хор ҳар ду яке аст

Фусурдагӣу кудурат шудааст оламгир

Ҷавону пери дарин рӯзгор ҳар ду яке аст

Чунон гузидаи дунёии бади гуҳар шуда ам

Ки пеши дидаи ман ганҷу мор ҳар ду яке аст

Макун ба бдгҳрони мардумӣ ки оташ ро

Чаҳ гул ба ҷайб фишонӣ чаҳ хор ҳар ду яке аст

Чаҳ лозимаст шабу рӯзи хӯни дил хӯрдан ?

Чу сангу лаъли дарин рӯзгор ҳар ду яке аст

Тавон ба зинда дилӣ шуд зи мурдагони мумтоз

Вагарнаи синау лавҳи мазор ҳар ду яке аст

Агар ду байни зи ду рангӣ нагаштае соиб

Шаби ҷудоӣу рӯзи шумор ҳар ду яке аст