Ба обдории лаъли ту ҳеҷ гавҳар нест

Ба ин сафо , гуҳарӣ дар замир кавсар нест

Маро ба соғарӣ эй Хизри нек пай дарёб

Ки бе далели зи худ рафтанам муяссар нест

Тавонгараст ба як мушти хок , дидаи фақр

Дили ҳарис ба сад ганҷи зар тавонгар нест

Шаҳодатӣ ки буд дайгарии василаи он

зи зиндагонии Хизру Масеҳ камтар нест

Ману тараддуди хотир , худо нигаҳ дорад !

Ба қулзумӣ ки манам , мавҷ ӯ шиновар нест

Дили шикастаи моро ба лутф худ бипазир

Назар ба мӯрча , пои малах муҳақар нест

Бабри зи хеш агар ҷинати орзӯи дорӣ

Ки дӯзахии бтар аз суҳбат мукаррар нест

Ҳимояти зуъафои монеъ парешоне аст

Вагарнаи риштаи сазовори қурб гавҳар нест

зи чоки дил буд умеди фатҳи боби маро

Чу офтоби маро рӯй дил ба ҳар дар нест

Шафақи ҳамин на ба хуршед кор дораду бас

Кадоми луқмаи ин ҳафт хон ба хӯн тар нест ?

Туро ки пои талаб бастаанд , сангин бош

Дарин муҳӣт ки моием ҷой лангар нест

Мадори чашми муруввати зи ҳеҷ каси соиб

Ки Хизрро ғами маҳрӯмӣ Сикандар нест