Баёни шавқ ба теғи забон муяссар нест
Муҳӣтро гузар аз новдон муяссар нест
Чунин ки қофила умр меравад ба шитоб
Хабар гирифтан азин корвон муяссар нест
зи ҷӯши гули нафаси ғунчаи пардагӣ шуда аст
Фироқи боли дарин гулистон муяссар нест
Ба зери чархи иқомати зростони матлаб
Сафар накардани тир аз камон муяссар нест
Қадам бурун манеҳ аз роҳи ҳамчуи санги нишон
Туро ки ҳамраҳеи корвон муяссар нест
Саботи умр ба перии мҷу ки дар пастӣ
Аннан кашӣдан оби равон муяссар нест
зи сайли хона нигаҳдошт наме ояд
Қарори рӯҳи дарин хокдон муяссар нест
зи номи неки асари ҷовдона Эй бигзор
Туро ки зиндагии ҷовдон муяссар нест
Ба зуҳди хушк ба миъроҷ қурб натавон рафт
Ба нардбони сафари осмон муяссар нест
Агар на лангари ратли гарон ба даст уфтад
Баромадани зи муҳӣти ҷаҳон муяссар нест
Саодати азалии мағзи ҷумлаи нъмтҳост
Чаҳ шуд эй марои устихон муяссар нест
зи гулистон чаҳ таманнои барг айш кунам ?
Маро ки хору хаси ошён муяссар нест
Ба ғайри гуруснагӣ дар миёни неъматҳо
Чаҳ неъматаст ки сирӣ азон муяссар нест ?
Ба ишқ кӯш ки бо шҳпри хиради соиб
Гузаштан аз сари куну макон муяссар нест