Ман мулоим кардам аз оҳи осмони сахт ро

Нарм аз оташ ме тавон кардани камони сахт ро

Сахтии айёмро мурдан талофӣ ме кунад

Узрхоҳӣ ҳаст чун мағзи устихони сахт ро

Гар намегардид пайдо , масрафӣ чун бесутун

Мо чаҳ мекардем чун Фарҳод , ҷони сахт ро

Сахте кон нест зотӣ , зуд зоил ме шавад

наме тавон кардан ба обии нарм , нони сахт ро

Нармтар аз мағз гардонид дар коми ҳумо

Зӯри бозуии қаноат , устихони сахт ро

Нест ҳарфи нармро таъсир дар оҳани дилон

Новак аз фӯлод май бояд нишони сахт ро

Қисмати Мансур аз дори фанои хамёза буд

Ман кашидам гӯш то гӯши ин камони сахт ро

Нолаи гармӣ агар соиб ба фарёдам расад

намекунам нарми он дили номеҳрбони сахт ро