То тавон кардани зи хӯни мо нигорин даст ро
Аз ҳинои баҳр чаҳ бояд кард рангини даст ро
Синааш аз бодаи лаълӣ Бадахшон ме шавад
Ҳар ки созад чун сабу дар хоби болини даст ро
Интизори қатл , кори ошиқонро сохта аст
То ту майсозӣ баланд эй кӯҳи тамкини даст ро
Бас ки аз дилҳои хунинаст зулфаши мояи дор
намекунад дар ҳар саросар , шонаи рангини даст ро
Пои имони ҷаҳонӣ дар хам лғзидн аст
Бар мёўри зи остин эй душмани дайни даст ро
Риштаи нозук , гавҳари дилҳо азон нозук тар аст
Зинҳор оҳистаи каш дар зулфи мишкӣни даст ро
Баҳрро сари панҷа марҷон наяндозад зи ҷӯш
Чанд бар дил менаҳй аз баҳри таскини даст ро
Фурсати хоридни сар , хоҷаро аз ҳирс нест
Кӣ маъаттал мегузорад ҷисми гургин даст ро
Хӯни гиребон май дард аз захм ҳар дам бар танам
То кихоҳад сохт аз хӯнами нигорин даст ро
Бар намедорад гул аз домони шабнами дасти хеш
Чун ба осонӣ кашад зи ойӣнаи худбини даст ро
Қамарёнро уқдае эй сарв аз дил боз кун
То ба кӣ бекор битавон дошт чандини даст ро
Бесутунро тешаам дар ҳамла аввал гудохт
Нест бо ман нисбатии Фарҳоди сангини даст ро
Хушк мегардад зи ҳайрат чун ба домонаш расад
намекунам бе тоқатии чандон ки талқини даст ро
Кӣ ба хӯни қатраи соиби панҷа рангин мекунад ?
Он ки чун марҷон кунад аз баҳри хунини даст ро