Моро кулоҳи фақр ба афсар баробараст

Сади рамақ ба малик Сикандар баробараст

Талхӣ намерасад ба қаноати расидагон

Дар коми мӯр , хок ба шукр баробараст

Мизони адли майл ба як сӯ наме кунад

ӣнҷои айёри санг ба гавҳар баробараст

Ин гиря эй ки ҳаст гиреҳ дар гулӯи маро

Ҳар қатрааш ба дона гавҳар баробараст

Аз файзи ишқ дар қадаҳи лолаи ранги мост

Хунобае ки бо меаҳмар баробараст

Дар коми моҳе ки ба талхӣ баромада аст

Дарёии талху шӯр ба кавсар баробараст

Пеш касе ки салтанат фақр ёфта аст

Ҷамъияти ҳавос ба лашкар баробараст

Дастӣ ки аз фироқи ту бар дил ниҳода ем

Дар қатъи роҳи шавқ ба шҳпр баробараст

Бар оташӣ ки дар ҷигари мо наҳуфта аст

Ҳамвории сипеҳр ба сарсар баробараст

Дар қулзумӣ ки ҳайрати дидори нохдост

Мавҷи Аннани гусаста ба лангар баробараст

Меҳр хамӯше ки маро бар даҳан заданд

Овозааш ба табл Сикандар баробараст

Бо бодбони киштӣ бедасту пои маро

Пой ба хоби рафта лангар баробараст

Соиб ба чашм ҳар ки зи дарёдилон шуда аст

Бахти сияҳи гилӣм ба анбар баробараст