Девона хамӯш ба оқил баробараст

Дарёӣ орамида ба соҳил баробараст

Гардӣ ки хезад аз қадами раҳравони ишқ

Бо серумаи сиёҳӣ манзил баробараст

Дорад ба чеҳраи гавҳари мо дар муҳӣти ишқ

Гирди ятеме ки ба соҳил баробараст

Дар васлу ҳиҷр , сӯхтагон гиря ме кунанд

Аз баҳри шамъ , хилват ва маҳфил баробараст

Раҳмаст бар касе ки нарастаст аз худӣ

Ин қайд бо ҳазор слосл баробараст

Дилгир нестам ки дил аз даст дода ам

Дилҷӯеи ҳабиб ба сад дил баробараст

Дар зери пои сидра ва тӯбоаст марқадаш

Ҳар куштаро ки ҷилва қотил баробараст

Май рақсӣ аз нишот май ноб , ғофилӣ

Кин рақс бо тапидан бсмл баробараст

Фаҳми румузи ишқи з идрок бартараст

ӣнҷои шуъӯри олам ва ҷоҳил баробараст

Даст аз талаби мадор ки дорад тариқи ишқ

Аз по фитоданӣ ки ба манзил баробараст

Охир ба васли шамъ чу парвона ме расад

Ҳар дидаро ки равшанӣ дил баробараст

Дар кишварӣ ки ишқи гиронмоя , гавҳарӣ аст

Дар ятему обила дил баробараст

Соиби зи дил ба дидаи хўнбор сулҳ кун

Як қатраи ашки гарм ба сад дил баробараст