Озодагӣ ба салтанат ҷам баробараст

Дасти зи кори рафта ба хотам баробараст

Гардӣаст хати ёр ки чун хоки Карбало

Дар манзалат ба хӯни ду олам баробараст

Бикс навоз бош ки ҳар Тифл бе падар

Дар манзалат ба исо Марям баробараст

Ҳар ҳалқае ки нест дар ӯ зикри ҳақи баланд

Дар чашми мо ба ҳалқа мотам баробараст

Мо обрӯии хеш ба гавҳар наме диҳем

Бухли баҷо ба ҳиммат ҳотам баробараст

Мо ҳамчуи ғунча аз дили пари хӯни хештан

Дорем гӯшае ки бо олам баробараст

Дилҳои доғдор буд каъбаи умед

Шӯробаи сиришк ба замзам баробараст

Нақди ҳаёт дар гиреҳи ғунча баста аст

Умри гули шукуфта ба шабнам баробараст

Чун сарви тоза рӯй набошад тамоми умр ?

Беҳосилӣ ба ҳосил олам баробараст

Аз сина ҳар дамӣ ки барояд ба ёди дӯст

Соиб ба умри ҷовиди он дам баробараст