Хиштии марои зи кӯии ту дар зер бас аст

Сармояи фароғати ман ӣнқадар бас аст

Ушшоқро ба банди гарон эҳтиёҷ нест

Занҷири пои мӯи ҳавои шукр бас аст

Чун шамъ , гиря дар карами даст ҳалқа кард

Ин теғи обдори маро бар камар бас аст

Аз тангнои чархи шикоят чаҳ мекунӣ ?

Фатҳи қафас , шикастагии болу пар бас аст

Онҷо ки хори даст ба таркиш занад , чу гул

Пешонии кушода ба ҷои сипар бас аст

Аз баҳр барфурӯхтани чеҳраи умед

Як қатраи ашки гарм ба вақти саҳар бас аст

Ҷурми сафинаи ту ки бар санг хӯрда аст

Навмед бозгаштани мавҷи хатар бас аст

Бихўобӣ ки чашм ту тарсидааст азу

Суди ҳақиқии ту ҳамон аз сафар бас аст

Аз зулфи ёр ва аз даҳанаши нукта Эй бигӯ

Дарси мтўлу сухани мухтасар бас аст

Гар имтиёзи ном буд матлаб аз асар

Ин имтиёз каз ту намонад асар бас аст

Хоки ману сабуи зи харобот машраб аст

Болини зи дасти хеши марои зери сар бас аст

Аз як сухани ҳақиқат ҳар кас аён шавад

Баҳри намӯна аз садафии як гуҳар бас аст

Соиби маро ба серумаи халқ эҳтиёҷ нест

Он хати мшкборро дар назар бас аст