Рухсораи турои зи арақи дидаи бон бас аст
Шабнам барои тозагии гулистон бас аст
Ҳоли маро забон накунадгар баёни дуруст
Ранги шикаста , дарди марои тарҷумон бас аст
Фурсат куҷост фикр иморат кунад касе ?
Аз хорхори синаи марои ошён бас аст
Ташрифи қурб дар хури ин хоксор нест
Моро зи даври саҷдаи ин остон бас аст
Рухсораи туро ба ниқоб эҳтиёҷ нест
Ойӣнаро фурӯғи худ ойӣнаи дон бас аст
Бо кҷрўон агар накунӣ ростӣ баҷост
Бо рости хонагони каҷӣ эй осмон бас аст
Чун кӯдакон ба чидан гул нест чашми мо
Моро рухи кушодае аз боғбон бас аст
Табли раҳил , қофилае афканд ба роҳ
Як нағмаи санҷ дар ҳамаи бӯстон бас аст
Дарё агар зи об мурувват шавад сароб
Моро ақиқи сабр ба зери забон бас аст
Озодагон ба роҳилаи худ сафар кунанд
Тахти равони мавҷи зи реги равон бас аст
Захмӣ ки хушки банд тавон кард неъматӣ аст
Чашми марои ғубории азин корвон бас аст
Соиб агар зи ҳмнФсон ҳамдамӣ намонад
Калаки сухани тароз , марои ҳамзабон бас аст