Зулфи каҷи ту силсилаи ҷунбон оташ аст
Ҳиндӯ ҳамеша дар паии сомон оташ аст
Ҳар чашмаро ба роҳнамоӣ супурда анд
Парвонаи Хизри чашмаи ҳайвон оташ аст
Дар аҳди хуии гарми ту чун доғи лолаи чарх
Пой ба хоби рафтаи домон оташ аст
Бар доғи ноумедии мо рашк май барад
Парвонае ки чатри сулаймон оташ аст
Аз шӯри мости кони малоҳати ҷаҳони ишқ
Ашки кабоби мо намак хон оташ аст
Ҳар нуктае зи ишқ , баҳорӣаст длФрўз
Дар ҳар шарари наҳуфтаи гулистон оташ аст
Дорад зи биқрории мо хор дар ҷигар
Дӯдӣ ки гирдбоди биёбон оташ аст
Бар худ чу ақл , ишқ дуконӣ начида аст
Як мушти хор , мояи дукон оташ аст
То ишқи дафтари пару бол маро гушӯд
Парвонаи фарди ботили девона оташ аст
Устодаанд бар сари пои шуълаҳо тамом
Имшаби кадоми сӯхтаи меҳмон оташаст ?
Эҷоди тан барои спрдорӣ дил аст
Хокистари фусурдаи нигаҳбон оташ аст
Ҷонсӯзтар з оташ қаҳраст лутфи ишқ
Ашки кабоб аз рухи хандон оташ аст
Дар панҷаи тасарруфи ишқи ту , на фалак
Чун муҳраҳои мум ба фармон оташ аст
То ҳаст дар миёни сухани оташини ишқ
Ҳар хомае ки ҳаст , раги кон оташ аст
Ҷон медиҳад ба сӯхтагони нотавони ишқ
Чун хори хушки гашти раги ҷон оташ аст
Аз печу тоби мо ҷигари ишқ тоза шуд
Хошоки барги айши гулистон оташ аст
Соиби зи гуфтугӯии ту гармаст базми ишқ
Хомӯшии ту таҳтаи дукон оташ аст