Боғу баҳори чашми пари оби ман оташ аст
Соқӣу мутриб ва май ноби ман оташ аст
Булбули ним ки оташ гул созадам кабоб
Парвонаам , шаробу кабоби ман оташ аст
Чун ишқ дар табиати ман инқилоб нест
Сулҳу низоу лутфу итоби ман оташ аст
То рӯй оташин набӯд , во наме шавам
Чун ашки шамъ , олами оби ман оташ аст
Дар сина гудохтаам оҳ сард нест
Дарёии оташам ки саҳоби ман оташ аст
Рсўотрсти пардаи розам , зи рози ман
Доғи муҳаббатам ки ниқоби ман оташ аст
Тӯтии ним ки оина аз ман сухан кашад
Ёқӯт кун қадаҳ , ки шароби ман оташ аст
Бошад кабоби оташ , ҳар ҷо самандарӣ аст
Ман он самандарам ки кабоби ман оташ аст
Ашки ятемаму арақ рӯй шармгин
Аз ман ҳазар кунед ки оби ман оташ аст
Аз ашки булбулони гули ман об хӯрда аст
Бигузар зи хӯни ман ки гулоби ман оташ аст
Соиби ман он самандари девонаи машрабам
Каз дӯди хеши силсилаи тоби ман оташ аст