Аз пери гӯшагирӣ всир аз ҷавон хуш аст

Аз тири ростӣу каҷӣ аз камон хуш аст

Тағйири ранги хуш буд аз рӯй шармгин

Дар чашм аҳл дид баҳору хазон хуш аст

Ҷӯш гуласт дар қафаси мо тамоми сол

Даҳ рӯз дар баҳор агар гулистон хуш аст

Дар мавсими хазон чаҳ самари ҳасани халқро ?

Айёми гули мулоимат аз боғбон хуш аст

Тифлон ба ҷӯии шери з шукр кунанд сулҳ

Зоҳиди зи васли дӯст ба боғи ҷинон хуш аст

Сарчашмаи нишоти ҷаҳони рахна дил аст

Дил чун шукуфтааст замину замон хуш аст

Магузор нафасро ба чарогоҳи орзӯ

Кин бади лаҷом дар таҳи бори гарон хуш аст

Чандини ҳазор дом тамошост дар қафас

Булбули ҳамин ба дидани гули зи ошён хуш аст

Донистааст ҳиммати ин қавм то куҷост

Юсуф ба сими қалби азин корвон хуш аст

Гар дигарон кунанд таманнои дӯстӣ

Соиб ба тарки душманӣ аз дӯстон хуш аст