НаҚишм ба бод дод ,нигор инчунин хуш аст

Хӯнам ба хоки рехт , баҳор инчунин хуш аст

Дилро гудохт , бӯса ба ин чошнӣаст хуш

Дастами зи кор буд , канор инчунин хуш аст

Аз тоби чеҳр , барқи хас ва хор орзӯаст

Рухсори оташиннигор инчунин хуш аст

Нагузошт ғайри хонаи зин , хона дигар

Маъмур дар замона , савор инчунин хуш аст

Дилҳо шуд аз ғубори хаташи мусҳафи ғубор

Бе чашми захм , хати ғубор инчунин хуш аст

Ҳаргизи дилам назд нафасӣ бар муроди хеш

Ойӣнаи пеш рӯйнигор инчунин хуш аст

Дил меравад ба ҳалқаи зулфаш ба пои худ

Доми ончунон хушасту шикор инчунин хуш аст

Ҳар хор бегулӣ , гул бехор шуд азу

Алҳақ ки файзи оми баҳор инчунин хуш аст

Гул рӯй худ ба ашки надомати зи хоби шаст

Дар вақти субҳ , оби хумор инчунин хуш аст

Чун ҳалқаҳои зулфи диламро қарор нест

Паргори холи чеҳраи ёр инчунин хуш аст

Тӯтӣ чу мағзи пистаи ҳам оғӯш шукраст

Дар ҳам хазидаи ошиқу ёр инчунин хуш аст

Хӯнӣ ки кард дар дили сайёд , машк шуд

Оҳӯ ба фикри мейри шикор инчунин хуш аст

Соиб ба ғайр ишқ надорад тарона Эй

Шеър инчунин хушасту шиор инчунин хуш аст