Рӯй ту барқи хирмани осоиш дил аст

Зулфи ту тозӣонаи ҷонҳои ғофил аст

Ҳар хӯн ки кард дар дили ушшоқ , машк шуд

Эксир донааст заминӣ ки қобил аст

Аз рангу буи , ҳасани худодод фориғ аст

Нафазояд аз баҳори ҷунунӣ ки комил аст

Зоҳиди ним ба муҳраи гул машварат кунам

Тасбеҳи истихораи ман уқда дил аст

Савҳони марг низ алоҷаш наме кунад

Пое ки аз гаронии ҷон дар слосл аст

Баҳри ту бе канори зи тани парварӣ шуда аст

Аз ҷон бишӯй даст ки ҳар мавҷ соҳил аст

эй раҳравӣ ки хайр ба мардуми рисонда Эй

Осӯдаи рӯ ки бори ту бар дӯш соил аст

Аз печу тоб ишқ макун шиква зинҳор

Кин печу тоб , ҷавҳари ойӣна дил аст

Аз дарду доғи ишқ буд барги айши ман

Инаст дӯзахӣ ки ба ҷинат муқобил аст

Ҳар кас надодааст гиребон ба дасти ақл

Соиб бигир доман ӯро ки оқиласт !