Оби ҳаёти шабнами он рӯй чун гул аст
Анбари хамири мояи он зулф ва кокул аст
Як чашми пари хумор ба аз сад қадаҳи шароб
Як чеҳраи шукуфта ба аз сад чаман гул аст
Бар рӯй даст бод муродаст сайри ман
То бодбони киштии ман аз таваккул аст
Дар даври хат тамом шавад гиру дори зулф
Бечораи ошиқӣ ки гирифтор кокул аст
Дар перӣ аз ҳаёти иқомати тамаъи мадор
Сайласт умру қомат хам гашта чун пул аст
Шохӣ ки бесамар набӯд дар чаҳор фасл
Дасти зи кори рафтаи аҳл таваккул аст
Астодгӣаст сайқали ойӣнаи об ро
Равшангари ҷамоли маъонӣ таъаммул аст
Ин хурдае ки карда гиреҳи гул дар остин
Соиби сапанди шуълаи овоз булбул аст