Тӯмори зулфи шарҳи парешоне ман аст

Ойӣнаи фарди дафтари ҳайронӣ ман аст

Мавҷӣ ки Нӯҳро ба каманд хатар кашад

Боди муроди киштии тӯфонӣ ман аст

Мӯ аз серум чу дӯди зи оташ ҳаво гирифт

Маҷнӯни куҷо ба бесару сомонӣ манаст ?

Баҳри халос , ноз шафоат наме кашад

Он Юсуфи ғаюр ки зиндонӣ ман аст

Аз суҳбати ғубори баҳам рӯ наме кашад

Ойӣнаи доғи софии пешонӣ ман аст

Урён шудам зи перҳани соя ва ҳануз

Ишқи ғаюр дар паии урёнӣ ман аст

Соиб чигуна дасти з доман бидорамаш ?

Савдои ишқ , ҳамсафари ҷонӣ ман аст