Он рӯй оташин ки ҷигарҳо кабоб ӯст

Нуру сафои шамъу гул аз об ва тоб ӯст

Дар чеҳраи кушодаи субҳ баҳор нест

Файзӣ ки дар гушӯдани банд ниқоб ӯст

Дар ҳеҷ дида об нахоҳад гузоштан

Ин равшанӣ ки бо рух чун офтоб ӯст

Аз давр бош ғайр надорам шикоятӣ

Ҳар шиквае ки ҳаст маро аз ҳиҷоб ӯст

Рӯзи ҳисоб агар чаҳ надорад ниҳоятӣ

Кӯтаҳ ба пурсиши ситам беҳисоб ӯст

Аз заъф агар чаҳ мо ба замини нақш баста ем

Ҷони нафаси гусастаи мо дар рикоб ӯст

Як мӯи зи печу тоби миёни ту кам нашуд

Ҳар чанд печу тоби ман аз печ ва тоб ӯст

Гар дигарон ба лутф ва ба эҳсон муқайяданд

Соиби асири шеваи ноз ва итоб ӯст