Шоҳаншаҳӣаст ишқ ки дили ҷилва гоҳ ӯст
Оҳӣ ки хезад аз дили мо гирд роҳ ӯст
Дилро зи ком ҳар ду ҷаҳони сарди сохтан
Таъсири аввалин нафас субҳгоҳ ӯст
Аз як нигоҳ , зеру зибр кардани ҷаҳон
Бозичае зи гардиши чашм сиёҳ ӯст
Чун нури офтоб , парешон хиром нест
Дилҳои чок , машриқ рӯй чу моҳ ӯст
Гардун ки субҳ ва шом занад ғӯта дар шафақ
Сайд ба хӯни тапидае аз сайдгоҳ ӯст
Натавон шикасти лашкари дилро ба трктоз
Ин фатҳ дар шикастани тараф кулоҳ ӯст
Ҳар синае ки пок шуд аз гирди орзӯ
Майдони теғи бозии барқ нигоҳ ӯст
Фатҳ аз сипоҳи ишқ буд , гарчи вақти ҷанг
Ангушт зинҳор , ливоӣ сипоҳ ӯст
Ишқи ту оҳӯеаст ки аз чашмасор дил
Ҳар тухми орзӯ ки барояд гиёҳ ӯст
Аз хусравӣаст фатҳ ки ҳангоми дору гир
Дасти дуои халқи ливоӣ сипоҳ ӯст
Соиб ба ғайри чеҳраи заррин ишқ нест
Он каҳрабо ки коҳкшони барг коҳ ӯст