Шоҳаншаҳӣаст ишқ ки олам гадоӣ ӯст
Бархест ҳар ки аз сари олам ливоӣ ӯст
Озодае ки кунҷи қаноат гирифта аст
Шерозаи ҳузури ҷаҳон бӯрёӣ ӯст
Он мутрибӣ ки пардаи моро дарида аст
Рақси фалаки зи замзама ҷонФзоӣ ӯст
Дар дом мекашад дили саҳройии маро
Ин мардумӣ ки бо нигаҳ ошноӣ ӯст
Дар чашмасор теғи ту то чанд хӯн хӯрд ?
Маргӣ ки зиндагонии ман аз барои ӯст
Бидрд нестам ки шикоят кунам зи ҷавр
Ҳар шиквае ки ҳаст маро аз вафоӣ ӯст
Чун дар рикоби барқи саворон сафар кунад ?
Бечорае ки шишаи дили зер пой ӯст
Маснад ба рӯй даст сулаймон фиканда аст
То мӯри пои шикастаи мо дар ҳавоӣ ӯст
Фирдавсро зи доғ тағофул кунад кабоб
Кубро ки дар димоғи ман аз кибриёӣ ӯст
Занҷири пора кардани сўдоиёни ишқ
Мавқуфи боз кардани банд қабоӣ ӯст
Соиб касе ки хирмани ман сӯхтааст азу
Абри баҳор , сояи даст сахоӣ ӯст