То хат ба даври моҳи рахти ҳола баста аст

Аз ҳолаи ма ба ҳалқа мотам нишаста аст

Роҳӣ ба ҳақи з ҳар дил дар хӯн нишаста аст

Ин дар ба рӯй габр ва мусулмон набаста аст

Ғофил машав зи поси дили биқрори мо

Кин мурғи пари шикастаи қафасҳо шикаста аст

Гардуни назар ба бебасарон бештар кунад

Зангии ҳалоки ойӣнаи занг баста аст

Хати амони зи теғи ҳаводис гирифта аст

Озодае ки банди алойиқ гусаста аст

Аз маргу зиндагонии мо ишқ фориғ аст

Дарё , дилӣ ба мавҷ ва ҳубобаш набаста аст

Рагҳои ҷони бодаи кашон дар кашокаш аст

Имрӯзи бози риштасозӣ гусаста аст

Хоҳад савоби бут шиканон ёфт рӯзи ҳашар

Сангини дилӣ ки тавбаи моро шикастааст !

Натавон ба мо расед зи ғаммозии нишон

Нақши паии рамидаи дилони ҷуста ҷуста аст

Хӯн гиря мекунад дару диёри рӯзгор

То шишаи дил ки худоё шикаста аст

Соиб гушӯдаанд ба рӯйиш дар биҳишт

Ҳар каси забони зи неку бади халқ баста аст