Ҷоми шароби марҳами дилҳои хаста аст
Хуршеди мумиёеи моҳ шикаста аст
Аз сад ҳазор хона харобаст ёдгор
Гардӣ ки дар изори ту аз хат нишаста аст
Ғофил машав зи поси дили мо ки борҳо
Занҷири зулфро ба тапидан гусаста аст
Абрӯии длФриби ту айёри пеша Эй аст
Каз чини камар ба бурдани дили танг баста аст
Бар чеҳраи ту холи замин гир шоҳидаст
Каз оташи ту ҳеҷ сапандӣ наҷуста аст
Маҷнӯни зи бахт тира надорад шикоятӣ
Зери сиёҳи хайма Лайлӣ нишаста аст
Зинҳор эътимод макун бар ҳиҷоби ҳасан
Каз шарм , бози дидаи худро набаста аст
Аз нотавони ишқи мадади ҷӯ , ки ме кунад
Кори дами Масеҳи насимӣ ки хаста аст
Шабнам ба шхи арақи шарм ёр нест
Бар рӯй офтоб қиёмат нишаста аст
Маълум мешавад зи камар бастагон ӯст
Ҳар ғунчае ки тарафи калла бар шикаста аст
Ширинтар аз ғубор шукр меравад ба бод
Ҳар чанд боли тӯтии мо занг баста аст
Занҷири оҳанӣн чаҳ кунад бо ҷунуни мо ?
Маҷнӯни мо зи кашмакаши фикр руста аст
Дорад ҳазор чарху фалакро ба ёди ишқ
Ин сайли сад ҳазор чунин пул шикаста аст
Тамҳид дар харобии соиб зарур нест
То даст май занӣ ба замини нақш баста аст