Айши дили шикаста ба озор баста аст
Ҷӯши баҳори обила дар хор баста аст
Гирди кудурат аз дили ман дор май барад
Даври нишоти нуқта ба паргор баста аст
Дил дар барам чу барги хазон дида ме тапад
Ороми ман ба соғари саршор баста аст
Рӯй замини зи сабзаи бегона сода аст
Ойӣнаи нигоҳи ту зангор баста аст
Гирди ятемии гуҳари шоҳвори ман
Роҳи нигаҳ ба чашми харидор баста аст
Рӯй тавваҷуҳи дили ширин ба кӯҳкан
Подош ҳимматӣаст ки бар кор баста аст
Девонаам , зи васвасаи ризқи фориғам
Ризқам ба сайри кӯчау бозор баста аст
Дар пардаи ҳасан аз нигаҳи шӯхи чашми мост
Юсуфи дукони зи ҷӯши харидор баста аст
Марг аз таъаллуқи ту ба асбоб мушкил аст
Аз сари гузаштани ту ба дастор баста аст
Ҷӯши баҳор , рахна ба девор ме кунад
Беҳудаи боғбон дар гулзор баста аст
Тасбеҳ , гул ба равзан тавфиқ ме занад
Сари риштаи наҷот ба зуннор баста аст
Соиб чигуна манъ кунад ишқро зи дил ?
Роҳи табибро ки ба бемор бастааст ?