Перӣ агар чаҳ болу пурмро шикаста аст

Пои ҷаҳони навард хаёлам набаста аст

Гар бишинавӣ змни ду се ҳарфӣ чаҳ мешавад ?

Роҳи сухан ба мӯр , сулаймон набаста аст

Дар тангноӣ хок кунад сайри ломакон

Озодае ки доми алойиқ гусаста аст

Хӯн мечакад ба ҳар лабии ангушт май занӣ

Аз зери теғи чарх , мусаллам ки ҷустааст ?

Бо сӯзани Масеҳ наме орми бурун

Хорӣ ки дар раҳи ту ба поем шикаста аст

Зулфи ту дар гирифтани длҳости биқрор

Ҳар чанд аз гаронии дилҳо шикаста аст

Аз қилу қол тира шавад вақти аҳли ҳол

Аз акси тӯтӣ оинаам занг баста аст

Соиби зи сайли ҳодиса аз ҷо наме равад

Чун кӯҳ ҳар ки пой ба доман шикаста аст