Ин гирдбод нест ки боло гирифта аст

Аз худ рамида Эйаст ки саҳро гирифта аст

Аз косаи сарнигӯнии Фарҳоди нусха Эй аст

Ин соғарӣ ки лолаи ҳмро гирифта аст

Мижгон ба хӯни сайди ҳарам тар наме кунад

Сайёди пешае ки дил аз мо гирифта аст

Домани гиреҳ ба доман соҳил наме занад

Мавҷӣ ки ху ба шӯриши дарё гирифта аст

Аз гиряи зиндагонии ман талх гашта аст

Оби гуҳари табиати дарё гирифта аст

Ин шукр чун кунем ки ҳар зарраи хоки мо

Аз доғи ишқи ранги сувидо гирифта аст

Дар зери теғ , қаҳқаҳа Кебек ме занад

Чун кӯҳ ҳар ки домани саҳро гирифта аст

Дар базми васл , ҳасрат дидор ме кашад

Онро ки шарми роҳи тамошо гирифта аст

Ҷузи ман ки ёрро ба нигаҳ сайд карда ам

Бодоми анкабут ки анқо гирифтааст ?

Моро ба шаҳр агар нагузорад оқилон

Аз дасти мо ки домани саҳро гирифтааст ?

Бар хоки мо ба ҷои алиф теғ ме кашад

Хасми сияҳи дилӣ ки паии мо гирифта аст

Бешӣ ба малику молу фузӯнӣ ба ҷоҳ нест

Беш он касаст ков кам дунё гирифта аст

Оби танури Нӯҳ алоҷаш наме кунад

Ин оташӣ ки дар ҷигари мо гирифта аст

Домани гиреҳ ба домани рег равон зада аст

Он содаи дил ки домани дунё гирифта аст

Соиби чунин ки дар паии расм аўФтодаҳ аст

Фардост ранги мардуми дунё гирифта аст