Оташ ба мағзам аз май аҳмар гирифта аст
Ин пунба аз фурӯғ гуҳар даргирифта аст
Оташи зи ашк дар мижатар гирифта аст
Ин ришта аз фурӯғи гуҳар дар гирифта аст
Нахли хазони расида агар нестам , чаро
Ҳар пора аз дилами раҳи дигар гирифтааст ?
Дил дар миёни доғи ҷигарсӯзи гум шуда аст
Ин баҳрро сиёҳии анбар гирифта аст
Дилҳо ба ҷои нома аъмол ме паранд
Офоқ , ранги арсаи маҳшар гирифта аст
Теғи ту ғӯта дар ҷигар оташин зада аст
Моҳии нигар ки хуии самандар гирифта аст
Мижгон ба ҳам намезанад аз офтоби ҳашар
Ойӣнае ки акси ту дар бар гирифта аст
Сад перҳани арақи нигаҳ шарм карда аст
То бо ту ошнои мо дар гирифта аст
То оби зиндагии ду қадами роҳ беш нест
Ойӣнаи пеши роҳи Сикандар гирифта аст
Зон рӯй оташин ки ду олам ниқоб ӯст
Бар ҳар дилӣ ки менагарм дар гирифта аст
Доғаст чарх аз дили пари орзӯии мо
Аз авди хоми мо дили миҷмар гирифта аст
Хӯнам ки май шикофт ба тани пӯст чун анор
Дар теғ ӯ қарор чу ҷавҳар гирифта аст
Соиби чароғи зиндагии мост бе фурӯғ
То доғ , соя аз сари мо баргирифта аст