То чашми ман ба гӯшаи азлат фитода аст

Аз дидаам саросари ҷинат фитода аст

Донад ки рӯҳ дар тани хокӣ чаҳ ме кашад

Ҳар нозпрўрӣ ки ба ғурбат фитода аст

Чун шамъи оҳ май кашам аз баҳри хомшӣ

То кори ман ба дасти ҳимоят фитода аст

Девор агар фитад ба сараши чатр давлат аст

Бар фарқ ҳар ки сояи миннат фитода аст

Донад ки хору хас чаҳ з гирдоб ме кашад

Онро ки раҳ ба ҳалқаи суҳбат фитода аст

Аз Осиё чарх нашуд нарми дона Эй

Дунболи ман чаҳ санги маломат фитодааст ?

Акнӯн ки раъша аз кафи ман бардаи ихтиёр

Дастам ба фикри домани фурсат фитода аст

Дилро зи дарду доғи муҳаббат шикеб нест

Дар баҳри бикнори ҳақиқат фитода аст

Бо дидае ки мешавад аз нури зарраи об

Корам ба офтоби қиёмат фитода аст

Чун аз канор даст нишуем ки киштем

Соиб ба чормўҷаҳи касрат фитода аст