Нақш ванигор душмани дилҳои сода аст

Ҷавҳар ба чашми оинаи мӯӣ зиёда аст

Гар дил шавад кушодаи зи гулзори халқ ро

Боғу баҳори мо дилу даст кушода аст

намегардад аз ғубори ятемии азизтар

Чун гавҳари он ки аз садафи пок зода аст

Додааст ҳар ки тан ба лагадкӯби ҳодисот

Чун роҳи сар ба домани манзил ниҳода аст

Он хол нест зери лаби рӯҳи бахш ӯ

Каз доғи оби Хизри сиёҳӣ фитода аст

Ҷузи теғи барқи сайри гарони лангар ту нест

Обӣ ки тунд меравад ва истода аст

Соиби мудоми ҷони нигунаши пар аз май аст

Ҳар кас ки чун ҳубоби ҳаводор бода аст