То дасти ман ба гардани мино расида аст

Кайфиятам ба олами боло расида аст

Бошад зи сари гаронии маъшӯқи нози ишқ

Гарданкашии зи бода ба мино расида аст

Аз биксии расида ба ман дар миёни халқ

Аз гӯшагирӣ ончӣ ба анқо расида аст

Шабнам ба офтоби расониди хеш ро

Аз ҳимматаст ҳар ки ба ҳар ҷо расида аст

Зини баҳри бикнор ки дар дида ман аст

Шӯробае ба косаи дарё расида аст

Глгл ба рӯйиш аз дили пари хӯн шукуфта ам

Хорам агар ба обилаи по расида аст

Қисмат ба зарраи зарра расонидаам чу меҳр

Файзӣ агар зи олами боло расида аст

Гаштааст тўтёии қалами устихони ман

То серумаам ба дидаи бино расида аст

Аз сар задани пар обила гаштааст чун садаф

Дастам агар ба домани дарё расида аст

Бар рӯй ман чу субҳ дар файзи во шуда аст

То дасти ман ба домани шабҳо расида аст

Хӯн мечакад зи нолаи дарди ошнои ман

То шишаи дил ки ба хоро расида аст

эй ишқи чораи сӯз ба фарёд ман барис

Каз дард , кори ман ба мудово расида аст

Наъли маро дар оташ ғайрат гузошта аст

Доғӣ агар ба лолаи ҳмро расида аст

Соиби ҳамон зи домани он моҳ кӯтаҳ аст

Ҳар чанд оҳи ман ба сурайё расида аст