То синаам ба доғи муҳаббат расида аст
Парвонаам ба меҳри набувват расида аст
То дили зи хорхори таманно шудааст пок
Бемори ман ба бештари роҳат расида аст
Не мекунад ба нохуни ман дидаи шукр
То мӯри ман ба хоки қаноат расида аст
Аз буии перҳани гузарам остин фишон
То дасти ман ба домани фурсат расида аст
Гавҳар шудааст қатраи симоб ҷилва ам
То дидаам ба олами ҳайрат расида аст
Лиззати зи бӯсаи даҳани мор май барам
То пои ман ба ҳалқаи суҳбат расида аст
Як умри ғӯта дар ҷигари хок хӯрда ам
То решаам ба ашки надомат расида аст
Дуздидаам зи нанг гирифтан дар остин
Дастам агар ба домани давлат расида аст
Ғайрат шудааст меҳри даҳон , варна ъмрҳост
Тӯмори сабри ман ба ниҳоят расида аст
Гавҳар шудааст дар садаф қадар донем
Гар қатрае зи абри мурувват расида аст
Сирии з дидан ту надорад нигоҳи ман
Чун қаҳти дидае ки ба неъмат расида аст
Киштии зи чори муваҷҷаҳ ба соҳил рисонда аст
Соиби зи суҳбати он ки ба хилват расида аст