Оби ҳаёти мо зи шароб шабона аст
Айши мудом , зиндагӣ ҷовдона аст
Ошиқи куҷо ба фикри саранҷом хонааст ?
Парвонаро ҳамин болу пар ошиёна аст
Бар гавҳараст дидаи ғаввос аз садаф
Моро ғарази зи дайру ҳарами он ягона аст
Чун корвони реги равони умри хокён
Ҳар чанд истодаи намояд равона аст
Сади Сикандараши сипари коғазин буд
Бечорае ки тири фазоро нишона аст
Ин кӯрае ки чархи ситамкор тофта аст
Бар санги ҷои раҳми дарин шиша хона аст
Ушшоқро лаб аз тамаъи бӯса баста аст
Аз баси даҳони танги ту ширин баҳона аст
Равшангари вуҷӯд буд гармии талаб
Чун хор ва хас расед ба оташ забона аст
Соиби з ҳар сухан ки ба онтар забон шаванд
Ҷузи гуфтугӯии ишқи саросар фасона аст